Рӯзи гузашта дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ, дар бинои IT Park Dushanbe чорабинии муштараки таълимӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо ташаббуси ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе», КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва субъекти IT Park Dushanbe — Ширкати барномасозии миллии ҶДММ «Ватан ИКТ» дар мавзӯи «Асосҳои омӯзиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва равандҳои рақамикунонӣ дар фаъолияти таълимии донишҷӯёни маркази таълимии занон «Сарвар»» доир шуд.
Чорабинии мазкур хусусияти иҷтимоӣ ва хайриявӣ дошта, дар рафти семинар иштирокчиён бо имкониятҳои инфрасохтории IT Park Dushanbe аз наздик шинос шуда, оид ба ҳолати кунунии рақамикунонии соҳаҳои мухталифи кишвар, афзалиятҳои гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва нақши технологияҳои муосир дар ҳаёти рӯзмарра маълумоти муфассал ва зарурӣ гирифтанд.
Ҳадафи асосии ташкилкунандагон аз баргузории чунин ҳамоишҳо фароҳам овардани шароити баробар барои дастрасӣ ба технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии табақаҳои гуногуни ҷомеа дар роҳи аз худ кардани малакаҳои рақамӣ мебошад. Мо боварӣ дорем, ки чунин иқдомҳо ба ҳамгироии бештари иҷтимоии ин бонувон ва рушди иқтидори зеҳнии онҳо мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.
IT Park Dushanbe — заминаи рушди технологияҳои инноватсионӣ ва ташаббусҳои иҷтимоӣ